Садриддин Айнӣ: Мактаби куҳна
САРСУХАН
- Чанд сухан барои ҷавонони босаодат Фарзандони азизу меҳрубон !
Устод Садриддин Айнӣ баро бари осори асосии хеш , дар бораи миллати азиятдидаи мо ва мардумони дигари Осиёи Миёна чанд асари бадеии хешро махсус барои ҷавонон навиштаанд Аммо дар « Мактаби кӯҳна » эшон рӯзгори замони кӯдакиашонро тасвир намуда , мехоҳанд ҷавонони имрӯз фаҳмида бошанд , ки чӣ рӯзгори сахтро дар ҷавонӣ аз сар гузаронида будаанд . Вале қатъи назар аз душвориҳои он замон бо роҳнамоии падари хирадманди хеш , муаллимаи хушсалиқа ва дар натиҷаи кӯшиши шахсии хешу роҳнамоии мардони нек бини он замон , рафта - рафта ба мартабаҳои бузург расида тавонистанд . Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо навҷавонон низ бо кӯшиши худ ва роҳнамоии омӯзгорон имкон доранд , ки ба орзуҳои неки худ ва падару модарон расанд . « Мактаби кӯҳна » -ро бодиққат хонед ва суханони душво рашро аз омӯзгорон пурсед ва бубинед , ки кӯшиши шахсӣ ягона роҳест барои соҳиби савод гардидан ва ба ҳадафи хеш расидан . Устод гуфтаанд : Биёед , эй рафиқон , дарс хонем , Ба бекорию нодонӣ намонем . Ба олам ҳар касе бекор гардад , Ба чашми аҳли олам хор гардад . Ҷавонони боҳушу ҷӯяндаи илму фарҳанг ! Ман ба Шумо орзуҳои беҳтарини хешро тақдим намуда , хостори он ҳастам , ки ҳамаи Шумо бо кӯшишу найрати хеш ба ҳадаф ва мақсадҳои зебои худ расида тавонед .
Книги | |
Язык издания | Таджикский |
Переплет | Твёрдый |
Кол-во страниц | 55 |
Год издания | 2010 |