Джордж Клейсон: Сарватмандтарин шахс дар Бобил (Ҷорҷ Клейсон) / Самый богатый человек в Вавилоне (Jahon.tj)
Ташаккулёбии мо ҳамчун миллат аз вазъи молиявии ҳар як шахс
вобаста мебошад. Оиди чӣ гуна инро иҷро кардан, дар ҳамин китоб омадааст.
Муваффақият-ин натиҷаи саъю кӯшиш ва маҳоратҳои шахсӣ мебошад.
Ва онро мо танҳо вақте ба даст оварда метавонем, ки дар ҳақиқатан ҳам барои муваффақ
шудан омода бошем. Дар қатори ин мо бояд дар ёд дошта бошем, ки маҳз аз таффакур
ҳамаи амалҳои мо вобастагӣ дорад ва ҳеҷ гоҳ амалҳои мо аз ақлҳоямон донотар намешаванд.
Ин китоб ҳамчун дору барои ҳамёнҳои холӣ мебошад. Мақсади
вай, кӯмак ба шахсоне мебошад, ки қарор доданд, сарватманд шаванд ва ба қаъри мушкилиҳои
моливӣ назар андозанд. Вай ба шумо кӯмак мекунад, ки пул кор кунед, нигоҳ доред
ва онҳоро маҷбур созед то ки пулҳои навро ба вуҷуд оранд.
Мо бо шумо ба Бобили қадима меравем, ҳамон садоеро мешунавем,
ки дар он аввалин принсипҳои молиявӣ пайдо шудаанд, ки ҳоло дар тамоми ҷаҳон шинохта
ва истифода мешаванд.
Ба хонандагони нави китоб бошад, муаллиф меҳоҳад, ки саҳифаҳои вай барои онҳо сабаби
пур кардани ҳисобҳои бонкӣ шуда, ба ҳалли мушкилиҳо ва муваффақиятҳои хуби молиявӣ
ноил шаванд, ҳамчун ба мисли шахсоне ки ин китобро бо шавқу завқ хондаанд ва аз
муваффақиятҳои худ ба ман хабар додаанд.
Дар баробари ин муаллиф аз фурсат истифода карда мехоҳад,
сипосгузории худро ба соҳибкороне бирасонад, ки ин китобро ба дӯстон, хешовандон
ва ҳамкорон тавсия кардаанд. Хусусан суханҳои таърифии онҳо хеле пурқиммат ҳастанд,
чунки аз таҷрибаи онҳое, ки муваффақиятҳои хубро дар бизнес бо истифода аз ҳамин
принсипҳое, ки дар китоб гуфта шудааст, ноил шудаанд, бармеояд.
Бобил сарватмандтарин шаҳр дар ҷаҳони қадим шуд, бо шарафи шаҳрвандони худ, ки қадри пулро медонистанд, аз принсипҳои боваринок ва санҷида шудаи молиявӣ истифода мебурданд ва чӣ гуна аз пул пул офариданро медонистанд. Онҳо чизеро омӯхтанд, ки хоҳиши ҳар яки мост: худро бо даромади хуб дар оянда таъмин намудан.
Муаллифи ин китоб боварӣ дорад:
барои амалишавии ҳамаи мақсадҳо ва хоҳишҳоятон, пеш аз ҳама шумо бояд бо истифода
аз принсипи идораи молияи шахсие, ки дар саҳифаҳои ин китоб оварда шудааст, дар
масъалаи пулӣ муваффақ шавед.
Книги | |
Язык издания | Тоҷики |
Переплет | Мягкий |
Кол-во страниц | 192 |
Год издания | 2022 |